Ссылки доступа

Ба 165 ҳазор оилаи камбизоат дар Тоҷикистон ёрӣ мекунанд, "шаффофият таъмин аст"?


Иллюстративное фото
Иллюстративное фото

Вакилони порлумони Тоҷикистон аз тарҳе ҷонибдорӣ карданд, ки аз пули он ба 165 ҳазор хонаводаи камбизоат 500 сомонӣ тақсим карда мешавад.

Созишнома бо Бонки Ҷаҳонӣ (Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд) аст, ки барои кам кардани пайомадҳои ногувори пандемия ва мубориза бо бемории COVID-19 ба Тоҷикистон беш аз 21 миллион доллар кумаки молиявӣ расонд.

Дар гузашта мақомоти Тоҷикистонро барои хешутаборбозӣ ва тақсими нодурусти ёриҳои байналмилалӣ танқид кардаанд.​ Вазири молия гуфт, шаффофияти харҷи пулҳоро таъмин мекунанд.

Тарҳи навро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, рӯзи 9-уми июн дар порлумон муаррифӣ кард ва ҳамзамон гуфт, ки пулҳоро ба кӣ мерасонанд:

  • "Оилаҳои камбизоате, ки кӯдакони то 7-сола доранд;
  • Оилаҳои камбизоате, ки кӯдакони маъюби то 18-сола доранд;
  • Оилаҳое, ки саробонаш занонанд ва кӯдакони то 16-сола доранд."

Қаҳҳорзода баъди берун шудан аз ҷаласаи порлумон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ёриҳои мазкур аз ҷониби сохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ то охири сол ба оилаҳои камбизоат дастрас мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, 30 дарсади аҳолӣ ҳанӯз дар ҳоли тангдастӣ ба сар мебаранд. Дар давраи пандемияи коронавирус ва аз кор маҳрум шудани садҳо нафар дар Тоҷикистону Русия эҳтимол шумораи чунин хонаводаҳо бештар шуда бошад.

Бори дувум аст, ки Тоҷикистон дар замони пандемиия бо пули созмонҳои ҷаҳонӣ ба хонаводаҳои камбизоат кумак мекунад. Пеш аз ин, дар чаҳорчӯби як тарҳи ёрии иҷтимоии Бонки Ҷаҳонӣ ба 50 ҳазор оилаи нодор ёрии якдафъаина расонда буд. Он вақт низ ба оилаҳои камбизоат 500 сомонӣ доданд.

Мақомот соли гузашта аз чанд созмони молии ҷаҳонӣ барои мубориза бо COVID-19 ва рафъи пайомадҳои пандемия грант ва қарзҳои имтиёзнок гирифта буданд. Интиқодҳо аз набудани шаффофият ҳангоми тақдими ёриҳои башарӣ ва тақсими одилонаи онҳо ҳар чанд вақт садо медиҳад. Мақомот ҳамвора ба вуҷуди шаффофият дар кори худ таъкид мекунанд.

Ба ҷуз аз ёрӣ ба камбизоатон, мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд, бо гранти Бонки Ҷаҳонӣ бар зидди коронавирус ва бемориҳои сироятии мавсимӣ низ ваксина харанд. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия, гуфт, Тоҷикистон бо харидани ваксина "имкон фароҳам меорад, ки шумораи муайни аҳолӣ ба эмкуни фаро гирифта шаванд ва хавфи паҳншавии бемории сироятӣ пешгирӣ карда шавад."

Ҳарфи вазир дар ҳоле садо медиҳад, ки Вазорати тандурустӣ мегӯяд, аз оғози сол дар кишвар сирояти коронавирус ба сокинон сабт нашудааст. Ҳарчанд моҳи май дар вилояти Суғд тести аввали як шаҳрванди Арабистони Саудӣ мусбат баромад, вале мақомот гуфтанд, санҷиши дувум бемории ӯро тасдиқ накард.

Тоҷикистон дар моҳи марти имсол аз Ҳиндустон 192 ҳазор воя ваксинаи AstraZeneca оварда буд, вале "бино бар вазъи беҳдоштӣ дар он кишвар нақшаи дастрас кардани ваксинаи истеҳсоли Ҳиндустон тағйир ёфтааст".

Қарор аст, Тоҷикистон аз Чин ҳамчун ёрии башардӯстона 300 ҳазор воя (доза) ваксинаи CoronaVac гирад. Маълум нест, Тоҷикистон бо 8 миллион доллари Бонки Ҷаҳонӣ чӣ қадар ва кадом навъи ваксинаро мегирад. Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали вазири тандурустӣ рӯзи 9-уми июн пас аз берун шудан аз ҷаласаи порлумон аз суҳбат бо хабарнигорон худдорӣ кард.

XS
SM
MD
LG