Ссылки доступа

Дар Русия афроди ношинос хабарнигори Радиои Озодиро латту кӯб карданд


Андрей Афанасьев
Андрей Афанасьев

Дар Благовешенски Русия афроди ношиносе нисфишабӣ рӯзноманигор Андрей Афанасевро латту кӯб карданд. Афанасев бо тарҳи Сибир.Реалии Радиои Озодӣ ҳамкорӣ мекунад.

Вай гуфт, ҳангоми вуруд ба даҳлези хонааш ба сараш задаанд. Баъдан ду тани дигар ба нафари ҳамлагар ҳамроҳ шуданд. Онҳо Афанасевро рӯи роҳ хобонида, тақрибан 10 дақиқа ба сару рӯяш задаанд.

Афанасев ин латту кӯбро ба фаъолиятҳои касбиаш рабт медиҳад. Вай мегӯяд, дар бораи фаъолиятҳои тоҷир ва вакили маҳаллӣ таҳқиқоти рӯзноманигорӣ анҷом дода, ба шаҳрдорӣ ва пулиси шаҳр барои дарёфти иттилоъ дархост ирсол кардааст.

"Вақте маро мезаданд, якеаш гуфт: "Дар бораи одамони нек камтар навис", - гуфт Афанасев.

Вай баъди латту кӯбаш ба мақомоти корҳои дохилӣ шикоят бурдааст.

Андрей Афанасев муаллифи даҳҳо мақола дар мавзуҳои фасодкорӣ, беамалии мақомоти маҳаллӣ ва пулис аст. Моҳи январи соли ҷорӣ ӯро ба далели инъикоси эътирози мухолифон боздошт карда буданд.

XS
SM
MD
LG