Ссылки доступа

Президенти Қазоқистон нақшаҳояш дар бораи "чораҳои аввалиндараҷаи ҳуқуқи инсон"-ро шарҳ дод


Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон ба ҳукуматаш дастур дод, ки барои "андешидани чораҳои баъдӣ дар бахши ҳуқуқи инсон" барномарезӣ кунад.

Дар ин бора расонаҳои расмии Қазоқистон рӯзи 9 июн иттилоъ доданд.

Дар сомонаи президенти Қазоқистон матни ин дастур таҳти унвони "Нақшаи аввалиндараҷаи чораҳо дар бахши ҳуқуқи инсон" нашр шудааст. Ин чораҳо таъмини ҳуқуқи иттиҳодияҳо, озодии баён, ҳуқуқ ба ҳаёт ва тартиботи ҷамъиятӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои иҷтимоӣ ва ғайраро дар бар мегиранд.

Созмонҳои байналхалқии ҳимоят аз ҳуқуқи инсон дар гузоришҳояшон гуфтанд, ки дар соли 2020 дар Қазоқистон мунтақидони ҳукумат бо таъқиб рӯ ба рӯ шуда, озодии баён маҳдуд гардидааст.

XS
SM
MD
LG