Ссылки доступа

Додгоҳи Русия бунёд ва ситодҳои Навалнийро "экстремистӣ" эълом кард


Навальный и полицейские в офисе ФБК. 2019 год

Додгоҳи шаҳри Москва шоми чоршанбе Бунёди мубориза бо коррупсияи мухолиф Алексей Навалний, ситодҳои ӯ ва созмони "Бунёди ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандон"-ро экстремистӣ эълом ва фаъолияташонро дар Русия манъ кард.

Дар қарори додгоҳ, ки бо дархости додситонии Русия содир шудааст, омада, ки ин созмонҳо бояд фавран фаъолияти худро қатъ намоянд.

Мурофиаи додгоҳӣ беш аз 12 соат идома ёфт ва вакилони бунёди Навалний дар охир толорро тарк карда, гуфтанд, додгоҳ мустақил нест.

Ба гуфтаи вакили дифоъ Иван Павлов, ҷониби айбдоркунанда ваъдаи бунёдро, ки гуфта буд ҷаримаи иштирокдорони тазоҳуроти бидуни иҷозатро хоҳад пардохт, ҳамчун далели сармоягузории "фаъолиятҳои эксмтремистӣ" пешниҳод кардааст.

Парванда ба далели муҳри "махфӣ" доштани баъзе аз санадҳо пушти дарҳои баста баррасӣ шуд. Додрас дар мурофиаи ахир ҳамаи дархостҳои ҷониби ҳимоятгарро рад кардааст.

Дар саҳифаи Навалний, ки худи ӯ ҳоло дар зиндон аст, баъди поёни мурофиа навишта шудааст, "аз ҳадаф ва идеяҳои худ даст намекашем. Ин ватани мост ва мо ватани дигаре надорем".

XS
SM
MD
LG