Ссылки доступа

Дар шаҳри Нурсултон сохтмончиёни бурҷи "Абу-Даби Плаза" пардохти маошро талаб доранд


Рӯзи 10 июн наздики сад тан аз кормандони сохтмони маҷмааи "Абу-Даби Плаза" дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон гирдиҳамоӣ ташкил ва пардохти маошро талаб карданд.

Сохтмончиён гуфтанд, наздики 500 тан аз кормандон маоши моҳи апрел-майро дарёфт накардаанд.

Масъулони сохтмон ба коргарон ваъда кардаанд, ки маоши 1,5-моҳаро пардохт хоҳанд кард. Аммо коргарон розӣ нестанд ва талаб доранд, ки ҳамаи маоши онҳо пардохт карда шавад.

Сохтмони "Абу-Даби Плаза" дар соли 2010 шуруъ шуд. Дар ин сохтмон солҳои гузашта чанд маротиба оташсӯзӣ рух дод. Муҳлати ба истифода додани сохтмон чанд маротиба ба таъхир андохта шуд. Солҳои охир бори чандум аст, ки сохтмончиён аз нагирифтани маош эътироз мекунанд.

XS
SM
MD
LG