Ссылки доступа

Сардори гумруки ҷанубу ғарби Қирғизистонро боздошт карданд


Бо гумони сарватандузии ғайриқонунӣ Нурбек Айтмаматов, сардори гумруки ҷанубу ғарби Қирғизистон боздошт шуд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, Айтмаматов бо истифода аз ваколатҳои хизматиаш дар гумруки ҷануби ғарб низоми фасодолуде роҳандозӣ карда, сарват андухтааст.

Вай даромадҳои ғайриқонуниашро тавассути харидани амволи манқулу ғайриманқул қонунӣ мегардонидааст, хабар медиҳад КДАМ. Айтмаматов бештар аз 30 манзили гаронарзиш бо қимати наздики 4,5 миллион доллар, 10 воситаи нақлиёт бо қимати наздики 1 миллион доллар харидааст.

Айтмаматовро рӯзи 10 июн боздошт карданд.

XS
SM
MD
LG