Ссылки доступа

Раҳбарияти Мангистау камобӣ дар ҷанубу ғарби Қазоқистонро шарҳ дод


Раиси вилояти Мангистауи Қазоқистон Серикбой Трумов гуфт, сохтмони меҳмонхонаҳо дар соҳили Актау ва рушди минтақаҳои истироҳатӣ ба низоми обёрӣ сарборӣ эҷод карда, боиси норасоии оби нушокӣ ба сокинон мешаванд.

"Корхонаи "Каспий" дар ҳоли ҳозир аз 17 то 20 ҳазор метри мукааб оби баҳрро ширин мекунад. Ин об асосан ба сокинони ноҳияи Мунайлӣ, ки рӯзона то 14 ҳазор метри мукааб об ниёз доранд, интиқол дода мешавад. 2 ҳазор метри мукааб оби дигар ба маҳаллаи Курик интиқол меёбад. Боз чандин иншооти дигар, аз ҷумла меҳмонхонаи "Rixos" низ ҳаст, ки рӯзона то 500–700 метри мукааб об сарф менамояд. Бо рушди бахши сайёҳӣ дар соҳил тадриҷан ниёзмандӣ ба об бештар мешавад", - изҳор дошт раиси вилояти Мангистау.

Ба гуфтаи Трумов, барои ҳалли мушкили норасоии оби нушокӣ дар Актау тасмим доранд, ки тавонмандии корхонаи "Каспий"-ро бештар кунанд.

Барои иҷрои ин тарҳ аз буҷаи давлати Қазоқистон 7,7 миллиард танга ҷудо шудааст. Ҷамъан барои иҷрои комили тарҳи мазкур 11 миллиард танга лозим буда, маблағи боқӣ тирамоҳи имсол, ҳангоми таъйини буҷа ҷудо хоҳад шуд, мегӯяд Трумов.

Сокини маҳаллаи "Шагала"-и Мунайлӣ чанде қабл шикоят карда буданд, ки баъди сохтмони меҳмонхонаи "Rixos" бо мушкили норасоии оби нушокӣ рӯбарӯ шудаанд. Вале раҳбарияти вилояти Мангистау он замон ин иддаоро рад карда буд.

XS
SM
MD
LG