Ссылки доступа

Ҷасади ду марзбони тоҷикро пайдо кардаанд


Кандилджон Вохидов (слева) и Сироджиддин Ятимов
Кандилджон Вохидов (слева) и Сироджиддин Ятимов

Ҷасади Сироҷиддин Ятимов ва Қандилҷон Воҳидов, ду сарбози марзбон, ки ҳашт моҳ пеш дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ғарқ шуда буданд, пайдо шудаанд.

Ҷасадҳои ин ду сарбоз, ки шинохта намешуданд, аввали моҳи июн пайдо шудаанд, вале пас аз 13 рӯз аз роҳи ташхиси ДНК онҳоро шиносоӣ карда, ба хок супурдаанд. Ин ду сарбоз рӯзи 29-уми сентябри соли гузашта, зимни талоши наҷоти як хонандаи мактаб аз худкушӣ, дар рӯдхонаи Бартанг, дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон ғарқ шуда буданд.

Искандар Воҳидов, падари Қандилҷон Воҳидов рӯзи 14-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷасади писари ӯро 36 километр ва ҷасади ҳамроҳаш, Сироҷиддин Ятимовро 6 километр поёнтар аз макони ғарқшавӣ пайдо кардаанд. Ӯ гуфт, ки об ҷасадҳоро зери қум карда будааст ва ҳоло бо поён шудани сатҳи оби рӯдхонаи Бартанг ҷасадҳо намудор шудаанд. “Ҷасадҳо шинохта намешуданд. Қисме аз либосашон ва устухонҳояшон монда буд. 13 рӯз даркор шуд, ки тариқи ДНК исбот кунанд, ки ин ҷасади писари ман аст”,--гуфт ӯ.

Ин ду сарбоз, ки аз анҷоми хидматашон дар артиш як ҳафтаи дигар монда буд, барои наҷоти як хонандаи мактаб худро ба об андохтанд. Ҷасади хонандаи мактабро як рӯз пас, рӯзи 30-уми сентябри соли 2020 пайдо карданд, вале ҷустуҷӯи ҷасади сарбозон натиҷа надода буд.

Сироҷиддин Ятимов, сокини шаҳри Душанбе ва Қандилҷон Воҳидов, сокини ноҳияи Ёвон дар қисми ҳарбии 0410-и Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хидмат мекарданд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ талоши ин сарбозон барои наҷоти ҷони як хонандаро тавсиф карда, рафтори онҳоро “қаҳрамонӣ” унвон карда буданд.

XS
SM
MD
LG