Ссылки доступа

Дар Қазқоистон гуруҳе аз омӯзгорон намехоҳанд, мудири мактаб дубора ба мақомаш таъйин шавад (видео)


Дар Қазоқистон рӯзи 14 июн наздики 20 тан аз омӯзгорон ва волидони хонандагон пушти дари идораи маорифи шаҳри Чимкент омада, зидди ба мақоми мудирии мактаби №125 таъйин шудани Асет Сатибалдиев эътироз карданд.

Сатибалдиев дар асоси шикояти омӯзгорон соли гузашта аз мақоми мудирӣ барканор шуда буд.

Моҳи ноябри соли 2020 чанде аз омӯзгорони мактаб Сатибалдиевро дар "пулҷамъкунии беасос" айбдор карда буданд. Раёсати маорифи Чимкент баъдтар хабар дод, ки мудир бо хоҳиши худ аризаи аз кор рафтанро навиштааст.

Аммо рӯзи 14 июн омӯзгорон хабар ёфтаанд, ки вай дубора ба мақомаш таъйин шудааст.

Мақомоти маорифи Чимкент гуфтанд, Сатибалдиев тавассути додгоҳ дар мақомаш барқарор шудааст.

Сатибалдиев мегӯяд, даъвои омӯзгорон дар бораи "пулҷамъкунии вай" асос надорад.

XS
SM
MD
LG