Ссылки доступа

Дар Узбекистон ба занони камбизоат "контейнерҳои тиҷорӣ" медиҳад


Мақомоти Узбекистон ба омода кардани кошонаҳои ҳусни сайёр аз контейнерҳо шуруъ карданд.

Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, чанде пеш ба деҳаҳои гуногуни Узбекистон 50 адад ин гуна контейнер фиристода шудааст.

Кошонаҳои ҳусни сайёр бо лавозимот ва таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, дар онҳо мешавад то 7 занро ба кор гирифт.

Лоиҳаи кошонаҳои ҳусни сайёрро Федератсияи иттифоқҳои касабаи Узбекистон иҷро мекунад. Пештар маъмурияти вилояти Бухоро хабар дода буд, ки 1000 "контейнери тиҷорӣ" омода карда, бо қарзҳои имтиёзнок ба хонаводаҳои шомили ба истилоҳ, "Дафтари оҳанин" тақсим мекунад.

Ба "Дафтари оҳанин" хонаводаҳои камбизоат, шахсони маъюб, пиронсолони танҳо, шаҳрвандони бекор, онҳое, ки ба иллати карантин бекор мондаанд шомил шуда, ба онҳо хидматрасонии тиббӣ ройгон ва дар гирифтани қарз барои соҳибкорӣ имтиёз дода мешавад.

XS
SM
MD
LG