Ссылки доступа

Шикояти блогери зиндонӣ Отабек Сатториро додгоҳи Самарқанд баррасӣ мекунад


Шикоят аз болои қарори додгоҳи ноҳияи Музрободи вилояти Сурхандарёи Узбекистонро, ки моҳи гузашта блогер Отабек Сатториро 6,5 сол аз озодӣ маҳрум карда буд, додгоҳи вилояти Самарқанд барраӣ хоҳад кард.

Вакили дифои блогер Умедбек Давлатов гуфт, дар ин бора ба онҳо расман 11 июн, баъди шикоят ба қабулгоҳи маҷозии президенти Узбекистон хабар дода шудааст.

Ба гуфтаи Давлатов, онҳо аз рӯзи ҳабси Отабек Сатторӣ талаб доштанд, ки парвандаи блогер дар додгоҳи вилояти дигар баррасӣ шавад.

Додгоҳи ноҳияи Музрободи Узбекистон Отабек Сатториро бар пояи бандҳои "Тамаъҷӯӣ дар ҳаҷми махсусан калон" ва "Туҳмат" айбдор дониста, 6,5 сол зиндонӣ кард. Додситон қаблан барои вай 11 соли зиндон талаб карда буд.

Сатторӣ 29 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Термиз боздошт шуда буд. Дертар ӯро ба тамаъҷӯӣ айбдор карданд. Додгоҳи шаҳри Тирмиз 1 феврал қарори ба ҳабси пешакӣ гирифтани блогерро содир кард.

Отабек Саттории 40-сола раиси вилояти Сурхандарёро сахт танқид карда буд. Ӯ дар яке аз навиштаҳои ахираш мақомоти маҳаллиро ба боз кардани парвандаҳои сохта зидди блогерон айбдор карда, гуфт, "бо вуҷуди таъқибҳо" бозтоби фасодкории мансабдоронро идома медиҳад.

Ахиран "Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон" (Committee to Protect Journalists, CPJ) аз мақомоти Узбекистон хоста буд, ки блогнавис Отабек Сатториро аз боздошт раҳо кунанд.

XS
SM
MD
LG