Ссылки доступа

Истеъфои мансабдори узбек баъди видеои "пулчаспонӣ" ба раққосаҳо


Муовини раиси ноҳияи Сирдарёи Узбекистон оид ба рушди саноат ва сохтмон Нуралӣ Мирзоев 14 июн "бо хоҳиши худ аз мақомаш истеъфо додааст".

Дар ин бора нашрияи "Хабарҳои Сирдарё" бо истинод ба хадамоти матбуотии маъмурияти Сирдарё иттилоъ додааст.

Ҳамчунин сардори шуъбаи ободонии ноҳия Нозир Муродов низ 14 июн аз мақомаш канор рафтааст.

Чанде пеш дар Интернет видеое нашр шуд, ки "пулдиҳӣ"-и мансабдорони маъмурияти ноҳиявӣ ва раҳбарони корхонаҳои давлатии Сирдарёро ба раққосаи нимурён нишон медиҳад.

Ба огаҳии маъмурияти Сирдарё, ҳодиса моҳи октябри соли гузашта дар тарабхонаи "Евро Азия" рух додааст.

Дар миёни мансабдорон муовини раиси ноҳия (он замон ёвари раис), сардори шуъбаи ободонӣ, мутахассиси пешбари Нозироти ҳифзи муҳити зисти ноҳия низ ҳастанд.

"Он шаб мансабдорони мазкур дар тарабхона нишаста буданд ва ногаҳ духтаре, ки дар тарабхона хидмат мерасонд, ба назди онҳо медарояд. Ин амали ӯ ба мансабдорон писанд намеояд ва ба вай пул дода, хоҳиш мекунанд, ки утоқро тарк кунад", - гуфтанд дар маъмурияти Сирдарё.

Наворро яке аз мансабдорон сабт кардааст.

XS
SM
MD
LG