Ссылки доступа

Дар Узбекистон тартиби дарёфти шаҳрвандиро осонтар карданд


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев қонун дар бораи осонтар кардани дарёфти шаҳрвандии ин кишварро имзо кард.

Тағйироти нав ба афроди бешаҳрвандӣ рабт дорад, ки дар сурате агар то 1 январи соли 2005 дар ҷойи зисти муайяне ба қайд гирифта шуда ва давоми 15 сол дар Узбекистон истиқомат доштаанд, метавонанд, шаҳрвандӣ дарёфт кунанд.

Ҳамчунин, бар асоси тағйироти нав, кӯдаконе, ки ё падар ва ё модарашон шаҳрванди Узбекистон ҳастанд, метавонанд, шаҳрвандӣ дарёфт кунанд.

Баъди қуваи қонунӣ пайдо кардани қонуни нав мумкин аст, наздики 20 ҳазор кас шаҳрвандии Узбекистонро дарёфт кунанд.

XS
SM
MD
LG