Ссылки доступа

Дар ҷануби Қирғизистон дар натиҷаи фурурезии нақб ду кас фавтид


Дар ноҳияи Сузаки вилояти Ҷалолободи Қирғизистон дар натиҷаи фурӯрезии нақб ду кас фавтид.

Ин ҳодиса рӯзи 15 июн рух додааст. Наҷотдиҳандагон ҷасади ду марди соли таваллудашон мутаносибан 1975 ва 1977-ро берун овардаанд.

Расонаҳо менависанд, як нақбкани дигар дар бемористон бистарӣ шудааст.

Рӯзи 8 июн дар шаҳри Бодканди Қирғизистон ҳодисаи ҳамсон рух дод. Он замон як сокини соли таваллудаш 2001 фавтид.

Дар ҷануби Қирғизистон бисёре аз мардон ба кандани нақб машғул ҳастанд. Ба гуфтаи сокинон, меъёрҳои бехатарӣ дар ин нақбҳо таъмин нест.

XS
SM
MD
LG