Ссылки доступа

Қазоқистон озмоиши клиникии ваксинаи дигари маҳаллиро оғоз кард


Вазорати тандурустии Қазоқистон хабар дод, ки дар он кишвар озмоиши клиникии боз як ваксинаи маҳаллии зидди коронавирус бо номи "QazCoVac-P" оғоз шудааст.

Марҳалаҳои якум ва дувуми озмоиши ваксинаи нав дар бемористони бисёрсоҳагии шаҳри Тарази Қазоқистон анҷом шуда, дар он довталабони аз 18 то 50-сола иштирок хоҳанд кард.

Вазорати тандурустии Қазоқистон дақиқ нагуфтааст, ки дар озмоиши ваксина чи қадар одам иштирок мекунад. Танҳо афзуда, ки озмоишҳои пешазклиникии ваксина дар ҳайвон "натиҷаи хуб" нишон дод.

Мақомоти Қазоқистон 26 апрел ба эмкунии сокинон бо ваксинаи маҳаллии "QazVac" иҷозат дода буданд. Дар ҳоле ки марҳалаи севуми озмоиши он ҳанӯз ба поён нарасида буд. Вазорати тандурустии Қазоқистон дар шарҳи қарор гуфт, ки коромадии QazVac 96 дарсад аст.

XS
SM
MD
LG