Ссылки доступа

Таҷаммуи сокинони норозӣ дар назди Додгоҳи олии Қазоқистон


Як гуруҳи сокинони Қазоқистон, ки аз ҳукми додгоҳҳо норозӣ ҳастанд, шаби гузаштаро дар назди бинои Додгоҳи олии он кишвар дар шаҳри Нурсултон рӯз карданд.

Ин гуруҳи шаҳрвандони Қазоқистон (25 кас), ки аз навоҳии гуногун бо талаби бекор кардани "қарорҳои ноодилонаи додгоҳӣ" ба пойтахт рафтаанд, мегӯянд, то раиси Додгоҳи олии он кишвар Жакип Асанов онҳоро ба ҳузур напазирад, пароканда нахоҳанд шуд.

"Мо аз соати 11-и субҳи сешанбе инҷоем. Бигузор, Асанов моро қабул кунад. Мо шабро инҷо рӯз кардем", - гуфт сокини норозии Қазоқистон Мадина Кукетаева.

Ба гуфтаи ӯ, дар миёни онҳо сокиноне низ ҳастанд, ки бо талаби лағви қарорҳои додгоҳӣ аз шаҳрҳои Алмато, Қарағанда, Чимкент, Атирау, Оқтеппа ва Урал ба пойтахти Қазоқистон рафтаанд.

​Шикояти таҷаммуъгарон дар назди Додгоҳи олии Қазоқистон гуногун аст. Онҳо талаб доранд, ки парвандаҳои марбут ба наздиконашон дубора баррасӣ ва ҳукми додгоҳҳо бозбинӣ шавад.

XS
SM
MD
LG