Ссылки доступа

Дар ғарби Қазоқистон як сарбоз худро парронд


Дар шаҳри Урали Қазоқистон як сарбоз аз захми тире фавтид, ки ба эҳтимоли зиёд худ ба сараш холӣ карда буд.

Жанибек Сарсенов, як масъули қисми низомие, ки ҳодисаи мазкур онҷо рух дод, гуфт, сарбоз худро субҳи 16 июн захмӣ кардааст.

"Ӯро ба беморхона бурдем, аммо наҷот додан имкон нашуд", - гуфт Сарсенов.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтшот идома дорад.

Дар Қазоқистон маргу мири сарбозон ҳодисаи нодир нест. Моҳи майи соли ҷорӣ як сарбози дигар дар вилояти Ҷамбил фавтид. Мақомоти вазорати мудофиаи Қазоқистон гуфтанд, вай худро аз ошёнаи чаҳорум ба замин партофтааст.

Сокинони Қазоқистон мегӯянд, дар артиши ин кишвар сарбозозорӣ ҷой дорад.

XS
SM
MD
LG