Ссылки доступа

Хатмкунандагонро дар Туркманистон аз мактаб ба артиш бурданд


Ишқобод

Дар мактабҳои шаҳри Ишқободи Туркманистон хатмкунандагонеро, ки ба синни 18 расидаанд, аз дохили мактаб мустақиман ба артиш бурданд.

Ба иттилои як манбаъ, рӯзи 15 июн дар мактабҳои Ишқобод имтиҳонҳои хатм ба поён расид ва хатмкардаҳоро дар ҳалқаи кормандони пулис мустақиман аз мактаб ба артиш бурданд.

Бархе аз хонандагони дигар, ки тавонистанд, баъди супоридани имтиҳон ба хонаҳояшон раванд, кормандони комисариатҳои ҳарбӣ ба манзилҳояшон рафта, аз волидонашон талаб кардаанд, ки фарзандонашон ба артиш баранд.

Ба иттилои расмӣ, дар Туркманистон ҳамасола наздики 100 ҳазор кас мактабро хатм мекунад.

XS
SM
MD
LG