Ссылки доступа

"Бидуни ҳоҷатхона ва дар утоқи пур аз каждум". СММ ба озодии дипломати пешини узбекистонӣ даъват кард


Гуруҳи кории СММ дар умури боздоштҳои худсарона хулосаашро дар мавриди парвандаи дипломати пешини узбекистонӣ Қодирҷон Юсупов нашр кард, ки айни замон дар зиндон аст.

Дар хулосаи 15-саҳифаии СММ омадааст, ки Юсупов ноодилона зиндонӣ шуда, дар маҳбасе нигаҳдорӣ мешавад, ки шароти сахт дорад ва ҳуқуқҳояш поймол мешаванд.

Юсупори 68-сола 10 соли пеш фаъолиятро дар вазорати корҳои хориҷии Узбекистон қатъ кард. Ӯро соли 2018 бо айби хиёнат ба давлат 5 солу 6 моҳ зиндонӣ карданд.

Хонавода ва вакилони мудофеи дипломати пешин ба СММ шикоят бурданд. Онҳо ҳукми додгоҳи Узбекистонро ноодилона медонанд.

"Юсуповро дар моҳи апрели соли ҷорӣ барои 14 рӯз дар утоқи ҷаримавӣ ҷо карданд. Он утоқ аз 1,5 метр бар ва 2 метр дарозӣ иборат буд. Дар утоқ ҳамагӣ як мизи оҳанӣ, рахти хоб ва рӯпуши фарсудае ҷо дошт. Утоқ ҳоҷатхона надошт", - омадааст дар хулосаи СММ.

СММ мегӯяд, утоҷи ҷаримавии Қодирҷон Юсупов пур аз каждум буд.

Гуруҳи кории СММ аз ҳукумати Узбекистон даъват кардааст, ки Юсуповро фавран аз зиндон озод кунад.

"Гуруҳи корӣ аз ҳукумати Узбекистон даъват мекунад, ки таҳқиқи комил ва мустақили марбут ба маҳкумсозии Юсуповро таъмин намояд ва инчунин нисбате афроде чораҷӯӣ шавад, ки ҳуқуқҳои Юсуповро поймол кардаанд", - омадааст дар хулосаи СММ.

Хешовандони Юсупов мегӯянд, вай аз фаромӯшхотирӣ ранҷ мекашад. Рӯзи 3 декабри соли 2018 Юсупов худро зери чархи қатора партофта буд.

Хешовандони Қодирҷон Юсупов мегӯянд, баъди он ҳодиса вай аз сараш ҷароҳати сахт бардошт ва ҳазён мегуфт. Юсупов дар ҳолатҳои ҳазёнгӯӣ даъво мекард, ки "ҷосуси ғарбӣ" аст. Дар асоси ин ҳазёнҳо нисбати вай парванда боз ва ӯро зиндонӣ карданд.

XS
SM
MD
LG