Ссылки доступа

Дар натиҷаи оташгирии як мошин дар Қазоқистон ду кудак ба ҳалокат расид


Дар натиҷаи оташ гирифтани як мошини сабукрави "ВАЗ-2106" дар ноҳияи Ойтеки Қазоқистон як кудак дар маҳалли ҳодиса ва як тани дигар дар беморхона ҷон додааст.

Мошин 16 июн дар маҳаллаи Енбект, дар саҳни бинои зист оташ гирифта, кудакон дар дохили он бозӣ мекарданд. Ҳар ду кудак - 3 ва 7-сола аз як хонавода буданд.

"80 дарсади бадани кудаки 7-солае, ки ба беморхона оварданд, сӯхта буд. Тамоми ёрии тиббӣ ба ӯ расонида шуд, вале мутаассифона, табобатҳо натиҷаи мусбат надоданд", - гуфт як масъули беморхона.

Рӯзи рух додани ҳодиса ҳаво хеле гарм буда, аз чи оташ гирифтани мошин то ҳол маълум нест. Пулиси Қазоқистон хабар додааст, ки роҷеъ ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG