Ссылки доступа

Фаъолон лоиҳаи "Конститутсияи нави Қазоқистон"-ро муаррифӣ карданд


Гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби демократии Қазоқистон ба раҳбарии Ҷонболат Мамай 17 июн лоиҳаи эҳтимолии Конститутсияи нави он кишварро муаррифӣ кард.

Фаъоли мадании қазоқ баъзе аз бандҳои лоиҳаи Конститутсияро шарҳ дод. Аз ҷумла, дар он омада, ки президенти Қазоқистон бояд барои як давраи панҷсола интихоб карда шавад. Наздикону аъзои хонаводаи ӯ ҳаққи фаъолият дар ниҳодҳои давлатиро надоранд.

Лоиҳа ҳамчунин ташкили порлумони якпалата, барқарор сохтани низоми худпешбарӣ ва тағйири номи пойтахти Қазоқистонро, ки ба номи президенти пешин Нурсултон Назарбоев гузошта шудааст, пешбинӣ мекунад.

Дар лоиҳа низ гуфта шуда, ки давлати Қазоқистон аз қазоқтаборони муқими кишварҳои хориҷ ҳимоят мекунад.

Гуруҳи ташаббускор оид ба таъсиси Ҳизби демократии Қазоқистон давоми чанд моҳи ахир масъалаи афви қарзи сокинонро мебардорад. Мамай гуфта буд, ки мардум дар давраи коронавирус маҷбуранд, барои пардохти қарзи ҳаррӯзаашон дубора қарз гиранд.

XS
SM
MD
LG