Ссылки доступа

Президенти Узбекистон хост, ба омодагии ҷисмонии сокинон баҳо дода шавад


Тибқи фармони президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев, сар аз 1 августи соли равон дар он кишвар низоми баҳодиҳӣ ба сатҳи омодагии ҷисмонии сокинон ҷорӣ мешавад.

Бар асоси фармон, минбаъд дар Узбекистон соле як бор санҷиши варзишии сокинон гузаронида хоҳад шуд.

Ба иштирокдорони мусобиқа вобаста ба мақоми ишғолкарда ва сатҳи омодагиашон унвон дода мешавад.

Ба ҷуз ин, шахсоне, ки талаботи махсуси варзиширо иҷро мекунанд, дар давоми сол аз имтиёзҳое бархурдоранд.

Барандагони ҷойҳои аввал бе имтиҳон ба "Мактаби Темурбекҳо" дохил шуда, ташхисашон дар муассисаҳои тиббии бисёрсоҳагӣ ройгон хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG