Ссылки доступа

Дар Алмато пешбинӣ доранд, то моҳи июл сеяки аҳолии шаҳр соҳиби масунияти зидди COVID хоҳад шуд


Жандарбек Бекшин, сарпизишки беҳдоштии шаҳри Алматои Қазоқистон гуфт, пешбинӣ карда мешавад, ки то моҳи июл сеяки аҳолии шаҳр соҳиби масунияти зидди коронавирус хоҳад шуд.

"Бо гузашти ҳар рӯз теъдоди афроди соҳиби масуният меафзояд. То ҳол 18 дарсади сокинони шаҳр воксин гирифтаву коронавирусро аз сар гузаронидаанд. Ба иттилои расмӣ, то кунун 23 дарсади маҷмуи сокинони шаҳр соҳиби масуният шудаанд. Ман бар ин назарам, ки то охири моҳи июл сокинони соҳиби масуният 30 дарсадро ташкил хоҳанд дод", - гуфт Бекшин дар як нишасти хабарӣ рӯзи 17 июн.

То рӯзи 16 июн дар Алмато 357 ҳазору 299 кас воксини зидди коронавирус гирифтааст.

Бекшин дар нишасти рӯзи 17 июн ҳамчунин афзуд, то охири соли ҷорӣ 1 миллиону 90 ҳазор сокини Алматоро воксин хоҳанд зад.

Шуруъ аз 19 июн Алмато ба минтақаи "сабз" шомил карда мешавад. Сар аз рӯзи 17 дар он шаҳр маҳдудиятҳои карантинӣ сабуктар карда шудааст.

XS
SM
MD
LG