Ссылки доступа

Дар Узбекистон 20 касро бо гумони паҳн кардани матолиби ифротгароӣ боздошт карданд


Раёсати пулиси вилояти Сирдарёи Узбекистон аз боздошти 20 сокини ноҳияҳои Мирзообод ва Янгиёри вилоят бо гумони паҳн кардани матолиби экстремистӣ тавассути паёмакрасони Телеграм хабар додааст.

Ба огаҳии раёсат, гумонбарон 16 июни соли равон дар натиҷаи як амалиёти муштараки Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон боздошт шудаанд.

Боздоштшудаҳо ба паҳн кардани матолиби садоию видеоие тавассути паёмакрасони Телеграм айбдор мешаванд, ки "созмонҳои террористӣ ва экстремистиро таблиғ мекунанд".

Пештар Раёсати пулиси вилояти Ҷизахи Узбекистон низ аз боздошти гуруҳе хабар дода буд, ки гӯиё мехостанд ба созмони мамнуи "Катиба Тавҳид ва ал-Ҷиҳод" дар Сурия бипайванданд.

XS
SM
MD
LG