Ссылки доступа

Дар Қазоқистон бозбинии ҳукми гумонбарони куштори фаъоли маданиро талаб доранд


Ҷониби ҷабрдида аз болои ҳукми Додгоҳи вилояти Қарағандаи Қазоқистон, ки гумонбарони асосӣ дар куштори фаъоли маданӣ Галӣ Бактибоевро бегуноҳ эълом карда буд, ба зинаи болоӣ шикоят бурдааст.

Аз додгоҳи Қазоқистон дархост шудааст, ки ҳукми додгоҳи Қарағанда бекор ва парванда барои баррасии дубора бозпас фиристода шавад. Айбдоркунандаи давлатӣ низ, ки барои гумонбарон ҳукми тулонии зиндон хоста буд, ба қарори додгоҳ эътироз кардааст.

Додгоҳи Қарағанда 1 июн баррасии парвандаи баҳсбарангези куштори фаъоли маданӣ Галӣ Бактибоев, ки соли 2019 дар наздикии хонааш, дар деҳаи Атасуи вилоят ба қатл расид, ба поён расонд.

Собиқ корманд пулис Галим Ахмеджанов ва соҳибкори 41-сола Азамат Букенаев, ки дар ташкили латтукӯб ва куштори фаъоли мадании қазоқ гумонбар мешуданд, сафед карда шуданд.

Додрас гуфт, фармоишӣ будани куштор тасдиқи худро наёфт ва ин афрод ба қатли фаъоли маданӣ низ робитае надоранд.

Имон Миёшови 29-сола, ки дар куштори Бактибоев гумонбар буд, бегуноҳ эълом шудааст. Ба гуфтаи додрас, Миёншов танҳо дар латтукӯб ва оташкушоӣ ба тирезаҳои хонаи фаъоли маданӣ айбдор аст. Гумонбарро танҳо барои ин ду амалаш 6 сол зиндонӣ карданд.

Додгоҳ ҳамчунин гумонбари чорум Элдар Жакенро танҳо дар латтукӯби фаъолӣ маданӣ айбдор дониста, се сол аз озодӣ маҳрум кард.

Куштори Бактибоеви 59-сола, ки қаблан борҳо таҳдид шуда буд, шаби 28 майи соли 2019 рух дод. Баррасии парвандаи ӯ моҳи майи соли 2020 оғоз шуда, муфаттишон он замон кушторро фармоишӣ номида буданд.

XS
SM
MD
LG