Ссылки доступа

Муҳоҷирони кориро ба Русия бо "қатораҳои махсус" бармегардонанд


Вазорати кишоварзӣ ва Корхонаи роҳи оҳани Русия масъалаи ташкили ҳаракати "қатораҳои махсус"-ро барои овардани муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои ҳамсоя баррасӣ доранд. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст.

Як манбаи нашрияи "Коммерсант" гуфтааст, ин навъи интиқоли муҳоҷирон ба Русия дар ҷаласаи Вазорати кишоварзии он кишвар баррасӣ шудааст. Дар вазорат ҳам тасдиқ карданд, ки бо истеҳсолгарон ироаи дархостҳои коллективиро барои ташкили ҳаракати қатораҳо муҳокима менамоянд.

Сафари муҳоҷирони корӣ ба Русия моҳи марти соли 2020 ба иллати пандемияи коронавирус ва баста шудани марзҳо номумкин гашт. Мақомоти Русия моҳи марти соли 2021 интиқоли муҳоҷирони кориро ба он кишвар ба ширкатҳое иҷозат доданд, ки ба беш аз 250 коргар ниёз доранд. Вале "Ягодний союз" хабар дод, ки на ҳама ширкатҳо имкони истифодаи ин имтиёзро доранд.

Дар ҳоли ҳозир сафари муҳоҷирони корӣ ба Русия танҳо тавассути ҳавопаймо имконпазир аст. Вале харҷи роҳ ниҳоят гарон буда, пули як чипта то ба Русия ба ҳисоби миёна 80 ҳазор рубли русӣ аст. Дар ҷаласаи Вазорати кишоварзии Русия гуфта шуда, ки пули билети "қатораҳои махсус" набояд аз 12 ҳазор рубл гаронтар бошад.

XS
SM
MD
LG