Ссылки доступа

Вакили порлумони Қирғизистон: мансабдорон аз пардохти ҷаримаи 7 ҳазор қонуншиканӣ озод шуданд


Дар доираи низоми "Шаҳри бехатар", ки қонунвайронкунӣ дар роҳҳоро дар Қирғизистон сабт мекунад, 7 ҳазор қонуншикании ронандагон бахшида шудааст.

Дар ин бора вакили порлумони он кишвар Ойбек Осмонов иттилоъ дод.

"Бар асоси иттилое, ки ман дарёфт кардам, 7 ҳазор ҷарима бахшида шудааст. Шаҳрвандони қаторӣ ҷарима мепардозанд, мансабдорон не. Бояд дақиқ кард, ки дар асоси кадом қонун ҷаримаи онҳо бахшида шудааст", - гуфт вакили порлумон.

Вай ҳамчунин талаб кард, афроде, ки ин ҷаримаҳоро пок кардаанд, ба ҷавобгарӣ ҷалб шаванд.

"Шаҳри бехатар" 12 феврали соли 2019 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ба фаъолият шуруъ кард.

XS
SM
MD
LG