Ссылки доступа

Узбекистониҳое, ки дар мадрасаҳои хориҷ таҳсил доранд, иҷборан баргардонида мешаванд


Мақомоти Узбекистон дар моҳҳои охир ҳудуди 1,5 ҳазор донишҷӯи узбекистонии мадрасаҳои диниро аз Миср ба Узбекистон баргардонидаанд.

Мақомоти Узбекистон сабаби баргардонии донишҷӯёнро шарҳ намедиҳанд.

Намояндаи сафорати Узбекистон дар Миср дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки донишгоҳи Ал-Азҳари Миср аз ин ба баъд донишҷӯён аз Узбекистонро танҳо дар асоси тавсияи Кумитаи кор бо дини девони вазирони Узбекистон мепазирад.

Сафорати Узбекистон дар Миср бо нашри изҳороте дар сомонааш навишт, ки "бисёре аз шаҳрвандон" дар "муассисаҳо ва марказҳо"-и шубҳанок таълим мегиранд.

Як манбаъ ба бахши узбекии Радиои Озодӣ хабар дод, дар Туркия низ ҳадди ақал се мадраса мавҷуд аст, ки донишҷӯён аз Узбекистон таҳсил мекарданд. Мақомоти Туркия чанде пеш ин мадрасаҳоро бастанд.

Ба ҷуз ин, мақомоти Узбекистон дар панҷ моҳи аввали соли 2021 ҳудуди 1800 наврасро аз марзи Узбекистон баргардонидаанд, ки тасмими сафар ба Миср ва таҳсили диниро доштанд.

XS
SM
MD
LG