Ссылки доступа

Буҳрони ғизоӣ: дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ғизо гарон шуд (видео)


Дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон қимати маҳсулоти ғизоӣ боло рафт. Дар бозорҳои ин кишварҳо арзиши меваву сабзавот ҳам боло рафт, ки одатан тобистон арзон мешуданд.

В Кыргызстане подорожали продукты
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:23 0:00

Дар Қирғизистон дар ним соли охир равғани растанӣ ду баробар гарон шудааст. Гӯшту тухм низ ҷаҳиши калон доштанд. Аммо гаронии ғайримунтазираро сабзӣ ба бор овард. Тақрибан дар давоми ду ҳафта қимати он якбора чаҳор баробар гарон шуд.

Расман дар Қирғизистон беқурбшавии пул дар сол 10%-ро ташкил медиҳад. Аммо қимати маҳсулоти бозор дар як соли охир 20-25 дарсад боло рафтааст. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, чунин вазъият на танҳо дар ин кишвар дида мешавад. Тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аз вабои коронавирус ва хушксолӣ ранҷ мекашанд.

Кайрат Итибоев, коршиноси умуи иқтисодӣ мегӯяд, болоравии қимати бозорро созмонҳои байналхалқӣ як соли пеш пешбинӣ карда буданд. Ба гуфтаи вай, ҳукуматҳо мебоист чораҷӯӣ мекарданд.

В Казахстане подорожали продукты
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:44 0:00

Сокинони Қазоқистон низ аз болоравии қимати маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳо норозианд. Гӯшту сабзӣ дар он кишвар низ гарон шудааст.

Дар Тоҷикистон ҳамчунин қимати сабзӣ, картошка, равған, тухми мурғ ва шакар сокинонро "ҳайрон" кард. Қимати сабзӣ якбора чаҳор баробар гарон шуд ва як моҳ аст, ки арзон намешавад. Дар ҳоли ҳозир як килограм сабзӣ ба 10 сомонӣ расидааст. Дар ҳоле, ки ибтидои моҳи май 1 кг сабзӣ 3 сомонӣ арзиш дошт.

Дар соли 2020 қимати бархе аз маҳсулот дар Тоҷикистон то 42 дарсад боло рафтааст, хабар медиҳад Оҷонсии омори Тоҷикистон.

XS
SM
MD
LG