Ссылки доступа

Се милисае, ки Ҳасанро барои ба гардан гирифтани одамкушӣ шиканҷа карданд, зиндонӣ шуданд


Хасан Ёдгоров

Додгоҳи олии Тоҷикистон се афсари милисаро барои шиканҷаи Ҳасан Ёдгоров, як сокини шаҳри Турсунзода аз 10 то 13 сол маҳкум ба зиндон кард.

Эътилофи зидди шиканҷа, як созмони ҷамъиятӣ рӯзи 19-уми июн хабар дод, ки ҳукми афсарони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 17-уми июн содир шуд.

Бар асоси ин ҳукм, Эраҷ Наимов 10 сол, Саъдӣ Давлатзода 12 сол ва Шералӣ Азизов ба 13 соли зиндон маҳкум шудаанд. Назари пайвандони милисаҳо ба ҳукм маълум нест, вале қаблан дар суҳбат бо Радиои Озодӣ наздиконашон онҳоро бегуноҳ дониста буданд.

Ин се корманди ВКД дар шаҳри Турсунзода, ба гуфтаи додгоҳ, "аз ҳади ваколатҳои мансабӣ" баромада бо роҳи сохтакорӣ ва шиканҷа соли 2017 Ҳасан Ёдгоровро маҷбур кардаанд, ки қатли Дмитрий Каримов, як пешхидматро эътироф кунад. Дар наворе, ки телевизиони Тоҷикистон моҳи декабри соли 2017 пахш кард, Ёдгоров нақл кард, ки чӣ гуна бо истифода аз корд “ба тарафи чапу рост ва қафаси синаи Дмитрий Каримов зарба зада, ӯро кушт". Пас аз ҳашт моҳи боздошт қотили аслӣ пайдо шуд ва Ёдгоровро раҳо карданд.​

Таҳқиқи парвандаи се корманди ВКД беш аз се сол давом кард. Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2019 онро барои тафтиши иловагӣ ба Додситонии кул фиристода буд ва пас аз гирифтани посух рӯзи 17-уми марти имсол ба муҳокимаи дигарбораи он шуруъ кард.

Дар мурофиаи рӯзи 17-уми март пурсишу посухи вакилони мудофеи гумонбарон бо Ҳасан Ёдгоров сурат гирифта буд. Ҳасан Ёдгоров гуфт, ба ҷуз аз се корманди пешини милиса, ки ҳоло дар курсии айбдорӣ нишастаанд, шахсони дигар низ дар шиканҷаву иқрори маҷбурии ӯ даст доранд, вале номи ҳамаи онҳоро намедонад.

Ӯ дар додгоҳ гуфт: “Онҳо вақти бозпурсӣ дар баданам барқ ва дар даҳонам об мемонданд, ки тоқат кардан мушкил буд”.

Муфаттишон гуфтаанд, осори шиканҷа бо истифода аз нерӯи барқ дар узви мардонаи ин сокини шаҳри Турсунзода ҳанӯз боқист.

Мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, қотили Дмитрий Каримов дар асл сокини дигари шаҳри Турсунзода, Леонид Малченков, будааст, ки ҳангоми истифодаи телефони гумшудаи Каримов дастгир шуд. Малченковро тирамоҳи соли 2018 ба 21 соли зиндон маҳкум карданд.

Дар пайи раҳоии Ёдгоров, мақомот аввал Шералӣ Азизов, маъмури милисаи шаҳри Турсунзодаро бо гумони шиканҷаи ӯ дастгир карданд. Ҳангоми таҳқиқ Саъдӣ Давлатмуродзода – корманди дигари милиса дар Турсунзода низ боздошт шуд. Сипас дар ин қазия пойи Эраҷ Наимов, корманди дигари милисаро низ кашиданд.

Дар Тоҷикистон шиканҷаи гумонбарон ва ба даст овардани эътирофи маҷбурии муттаҳамон ба як масъалаи доғ табдил шудааст. Мақомот мегӯянд, дар пайи танқидҳои зиёд ҷазоро барои бадрафторӣ ва шиканҷа сахттар карданд. Бино ба қонун, шахсе, ки даст ба шиканҷа мезанад, то 15 сол аз озодӣ маҳрум хоҳад шуд.

Баъзе аз ҳуқуқдонҳо мегӯянд, сахттар кардани ҷазо то як андоза маъмурони интизомиро, ба истилоҳ, ба худ меорад, аммо мушкилро пурра ҳал намекунад.

XS
SM
MD
LG