Ссылки доступа

Дар Тошканд як варзишкорро корд заданд. Вай дар бемористон фавтид


Дар шаҳри Тошканди Узбекистон мураббии тими мунтахаби тэквандоро корд заданд. Дар ин бора аз пулиси шаҳри Тошканд хабар доданд.

Дар хабари пулис омадааст, ки шаҳрванди 44-солаи Куриёи Ҷанубӣ К.Д. рӯзи 15 июни соли ҷорӣ дар ҳолати мастӣ ба мураббии Эътилофи тэквандо К.Ж.Ю-и 39-сола корд задааст.

Мураббии тэквандоро ба бемористон бурданд, аммо сарфи назар аз талошҳои пизишкон як рӯзи баъд фавтид.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз ва тафтишот идома дорад. Гумонбар боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG