Ссылки доступа

Шӯрои конститутсионии Қазоқистон "ҳамкорӣ"-и Назарбоеву Тоқаевро "самарабахш" номид


Раиси Шӯрои конститутсионии Қазоқистон Кайрат Мамӣ 21 июн дар ҷаласаи порлумон ҳамзамон фаъолият доштани ҳам мақоми президентӣ ва ҳам "елбасӣ" (пешвои миллат) дар он кишварро "самарабахш ва мақсаднок" номид.

Мамӣ дар паёми навбатияш ба порлумон гуфт, президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев "роҳ"-и президенти пешини он кишвар Нурсултон Назарбоевро идома хоҳад дод.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамкории ду раҳбари Қазоқистон, бахусус дар шароити пандемияи коронавирус муҳим буд.

Раиси Шӯрои конститутсионии Қазоқистон афзуда, ки интихоботи порлумонии ин кишвар дар моҳи январи соли равон бо вуҷуди мушкилоти вазъи эпидемиологӣ "қатъан тибқи қонунгузорӣ" баргузор шуд. Дар ҳоле ки маъмурияти нозирони Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо онро ба монанди интихоботҳои пешин озод ва одилона эътироф накард.

Мамӣ гуфт, Шӯрои конститутсионии Қазоқистон дар посух ба муроҷиати президент маҷмуи тағйиру иловаҳо ба қонунҳо дар бораи фаъолияти адвокатӣ ва ёрии ҳуқуқиро "мутобиқ ба Конститутсия" эътироф кард.

Ба ҳайати Шӯрои конститутсионии Қазоқистон ҳашт нафар шомил буда, Нурсултон Назарбоев узви якумрии он аст.

XS
SM
MD
LG