Ссылки доступа

Тенгиз Болтурук: Таъминоти кони Қумтор ба мушкили бузурге табдил ёфтааст


Раҳбари муваққати хориҷии ширкати "Қумтор Голд Компанӣ"-и Қирғизистон Тенгиз Болтурук 21 июн дар суҳбат бо "Радиои 1" гуфт, таъминоти кони "Қумтор" ба як мушкили ҷиддӣ табдил ёфта, баъди қарори додгоҳи Ню-Йорк бештари дастраскунандагон аз интиқоли молу таҷҳизот худдорӣ мекунанд.

"Бештари дастраскунандагон қарори додгоҳи Ню-Йоркро дар бораи муфлисшавӣ нодуруст фаҳмида аз интиқоли таҷҳизот худдорӣ менамоянд. Ҳоло ҳуқуқшиносони мо дар Ню-Йорк ба онҳо мефаҳмонанд, ширкатҳое, ки бар асоси қарордод хадамот пешниҳод мекунанд, ҳаққи қатъи ҳамкорӣ ва нақзи уҳдадориҳои худро надоранд. Ҳоло маҷбурем, ки ба ҳамаи онҳо нома нависем ва гуфтугӯ кунем", - изҳор дошт Болтурук.

Ба гуфтаи ӯ, ҳисобҳои "Қумтор Голд Компанӣ" ҳанӯз ҳам дар ҳабс ҳастанд ва бинобар ин, онҳо маҷбур шуданд, барои пардохти маоши кормандон тило фурӯшанд.

Ширкатҳои "Кумтор Голд Компани" ва "Кумтор Оперейтинг Компани" ба додгоҳи Ню-Йорк шикоят бурданд. Додгоҳ оид ба умури муфлисшавӣ шикояти ширкатҳоро пазируфт ва қарор кард, ки ин ду ширкат ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд ва касе ҳам ҳақ надорад, дороии онҳоро мусодира намояд.

Порлумони Қирғизистон рӯзи 17 май ба девони вазирон дастур дод, ки дар ширкати "Қумтор Голд Компани" мудирияти муваққат ҷорӣ кунад.

Кони тилои Қумторро дар Қирғизистон ширкати канадагии Centerra Gold Inc. коркард мекунад. Ин ширкат аз тасмимҳои охир дар Қирғизистон нигарон аст. Ширкат гуфт, ба додгоҳи ҳакамии байналхалқӣ шикоят хоҳад бурд.

Қумтор калонтарин кони тилои Қирғизистон ба ҳисоб меравад. Қирғизистон дар ин кон 26 дарсад саҳм дорад.

XS
SM
MD
LG