Ссылки доступа

Таҷовузи кӯдак боиси бетартибиҳои Сатпаев шуд: як айбдоршаванда якумрӣ зиндонӣ шуд


Як сокини шаҳри Сатпаеви Қазоқистон 22 сол ва сокини дигари ҳамин шаҳр бо айби таҷовузи кӯдаки панҷсол ҳабси якумрӣ шуд. Таҷовузи кӯдак дар моҳи июли соли 2020 боиси бетартибиҳои оммавӣ шуд.

Ҳукми додгоҳ нисбати ду сокин рӯзи 21 июн содир шуд.

Маҳкумшудаҳо зану шавҳар ҳастанд. Додгоҳ мардро ҳабси якумрӣ ва ҳамсари ӯро 22 сол зиндон кард.

Бейсен Алжанов, вакили мудофеи маҳкумшудаҳо гуфт, ки бо қарори додгоҳ розӣ нестанд ва ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят мебаранд.

Баъди он ки ҷасади кӯдаки 5 сола пайдо шуд, сокинони шаҳри Сатпаев пушти дари гумонбарон ҷамъ шуданд. Сокинон манзили гумонбаронро сангборон карданд. Пулис гумонбаронро либоси махсус пӯшонида, ноаён ба идораи пулис бурд. Сокинон аз ин амал огоҳ шуда, пушти дари пулис рафтанд ва бетартибӣ карданд. Ба иттилои расмӣ, он шаб 14 шаҳрванд ва 50 корманди пулис ҷароҳат бардошта буд.

Додгоҳ бо айби роҳандозии бетартибиҳо 9 кас зиндонӣ кард. 44 каси дигар шартан маҳкум шуданд.

XS
SM
MD
LG