Ссылки доступа

Дар Узбекистон ба ғолибони "озмоиши варзишӣ" кӯмаку роҳхати осоишгоҳ ваъда карданд


Дар Узбекистон шуруъ аз 1 август мақомот тасмим доранд, "озмоиши варзишӣ"-ро шуруъ кунанд. Ба ғолибони озмоиш имтиёз ва роҳхат ба осоишгоҳ ваъда карданд.

Дар ин бора дар қарори президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев зикр шудааст.

"Озмоиши варзишӣ" омодагии ҷисмонии сокинони аз 7 то 70-сола ва аз он болоро баҳогузорӣ мекунад. Мусобиқа аз 15 навъи варзиш, аз ҷумла давидан ба масофаи дуру наздик, шиноварӣ ва ғайра иборат аст.

Ба ғолибони ин озмоишҳо имтиёзҳои зиёд, аз ҷумла, роҳхат ба осоишгоҳҳо, ташхиси якдафъаинаи тиббӣ, равуои ройгон дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва ғайра дода мешавад.

Моҳи ноябри соли 2020 президенти Узбекистон фармоне имзо кард, ки рушди варзишро миёни сокинон пешбинӣ мекард.

XS
SM
MD
LG