Ссылки доступа

Ронандагони автобусҳои мусофирбар дар Қазоқистон дубора корпартоӣ карданд


Ронандагони автобусҳои мусофирбари шаҳри Семейи вилояти Қазоқистони Шарқӣ 22 июн дубора ба кор набаромаданд.

Сухангӯи ширкати мусофиркашонии "Semey Bus" Айнура Сабитова гуфт, ронандагон дар эътироз ба қарори додгоҳ, ки хост, 170 автобуси бо пули қарз харидоришуда баргардонида шавад, корпартоӣ карданд.

"Мо бохтем. Ширкатро мебанданд ва бинобар ин, ронандагон корпартоӣ карданд", - изҳор дошт Айнура Сабитова.

Шаҳрдории Семей қазияро шарҳ намедиҳад.

Миёни "Semey Bus" ва "Бунёди рушди саноат" соли 2018 созишнома ба имзо расида буд. Бунёд соли 2020 хабар дод, ки "Semey Bus" 1,5 миллиард танга қарздор шудааст.

Ронандагони автобусҳои мусофирбари Семей 15 декабри соли гузашта низ дар эътироз ба таъхир дар пардохти маошашон ба кор набаромаданд. Онҳо гуфтанд, маоши моҳи ноябрро то ҳол дарёфт накардаанд.

XS
SM
MD
LG