Ссылки доступа

Дар ҷануби Қазоқистон сӯзишвории дизелӣ камчин шудааст (видео)


Дар ҷануби Қазоқистон, аз ҷумла вилоятҳои Алмато, Туркистон ва шаҳри Чимкент дар пайи тул кашидани таъмир дар яке аз корхонаҳои коркарди нафти он кишвар сӯзишвории дизелӣ камчин шудааст.

Ронандагон аз ноҳияи Қорасойи Алмато 22 июн гуфтанд, ки дар чандин нуқтаи фурӯш сӯзишвории дизелиро пайдо накарданд. Ба гуфтаи ронандагон, дар баъзе аз нуқтаҳо танҳо дар асоси санади махсус сӯзишвории дизелӣ мефурӯшанд.

Дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон нархи як литр сӯзишвории дизелӣ аз 184 танга то ба 192 танга боло рафтааст ва онро ҳам наметавон дар ҳама нуқтаҳои фурӯш пайдо кард. Бархе аз ронандагон мегӯянд, ба далели камчин шудани ин навъи сӯзишворӣ аз сафар худдорӣ мекунанд.

Як масъули Вазорати энергетикаи Қазоқистон Мурод Турдибеков дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, "сӯзишвории дизелӣ "камчин" нашудааст. Танҳо интиқоли он қатъ шудааст. Ба мо як ҳафта муҳлат диҳед, ин мушкилро ҳал хоҳем кард. Одатан пеш аз ҳар таъмир захира мекунем, вале ин бор захира тез тамом шуд".

Нархи сӯзишворӣ дар Қазоқистон аз аввали соли равон боло меравад. Бархе аз коршиносон болоравии нархро ба тул кашидани таъмир дар баъзе аз корхонаҳои коркарди нафт рабт медиҳанд.

XS
SM
MD
LG