Ссылки доступа

Душанбе ба ҷашни 30-солагии истиқлол омода мешавад (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Душанбе ба ҷашни 30-солагии истиқлол омода мешавад. (видео)

- "Баъзеҳо тиккаву пора мешуданд. Ҳама ҷо оғуштаи хун буд". Ҳукумати Украина дар идомаи бозгардонидани шаҳрвандонаш аз Сурия ҳафтаи гузашта як занеро бо 7 фарзандаш ба Киев овард. Амина дар урдугоҳи Ал-Ҳавл зиндагӣ мекард, ки онҷо даҳҳо зани тоҷик бо кӯдаконашон мунтазири бозгашт ба ватан ҳастанд. (видео)

- Ҷазо барои бераҳмӣ нисбати ҷонварон сахттар шуд (видео)

- Дар ноҳияи Мастчоҳ баҳси замин ба ҷанҷоли хунин табдил ёфт (видео)

- "Файзу баракат парид". Тасвири чӯпон аз ҳоли чарогоҳҳо дар Тоҷикистон. Чорводорон дар Тоҷикистон аз хушку камалаф шудани чарогоҳҳо дар Тоҷикистон шикотя мекунанд. (видео)

- Чаро ду чӯпонро ҳар сари чанд вақт додситонӣ мебаранд? Ду чӯпон дар Фархор мегӯянд, барои қонуншиканӣ ҷазо гирифтаанд, вале ҳар вақт прокурор нав шуд, боз парвандаашонро аз нав баррасӣ мекунанд (видео)

- Баҳси таҷовузи кӯдаки 4-сола. Муҳаммадҷон худро бегуноҳ медонад. Як ҷавони 34-сола, ки бо иттиҳоми таҷовузи ҷияни 4-солааш беш аз 100 рӯз дар боздоштгоҳ буд, баъди озод шудан талош дорад бегуноҳии худро исбот кунад ва омилони шиканҷааш муҷозот шаванд (видео)

- Чин барои як роҳ ба Тоҷикистон 200 миллион доллар дод. Чин барои идомаи сохтмони роҳи Душанбе--Хоруғ--Қулма ба Тоҷикистон 203.9 миллион доллар грант ё кумаки ройгон медиҳад. (видео)

- "Файзу баракат парид". Тасвири чӯпон аз ҳоли чарогоҳҳо дар Тоҷикистон (видео)

- Коронавирус ҳаст, ё не? Мақомот мегӯянд, нест. Мақомоти вазорати тандурустӣ мегӯянд, ки гузоришҳо дар бораи сирояти коронавируси нав ба даҳҳо нафар дар Тоҷикистон дуруст нест. Аммо на ҳама ба ин гуфтаҳо бовар доранд ва санаду далел меоранд, ки мавридҳои сироят дар Душанбе сабт шудааст. (видео)

- Гузаргоҳи Фотеҳобод баста аст. На ҳама ба Узбекистон роҳ меёбанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки интизор доштанд, баъди сафари Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон ба Тоҷикистон гузаргоҳҳо кушода мешаванд, мегӯянд, ҳанӯз ҳам наметавонанд, бе иҷозатнома гузаранд (видео)

- Муҳоҷири собиқ дар YouTube забони англисӣ дарс медиҳад. (видео)

- "Пул нест, ҳаққи барқро чӣ гуна пешпардохт кунем?" ​Як қарори вакилони порлумони Тоҷикистон дар бораи пули барқ хашми бисёре аз корбаронро барангехтааст. Аъзои Маҷлиси Намояндагон 9 июн розӣ шуданд, ки дар Кӯлобу Бохтар низоми пешпардохти ҳаққи истифода аз нерӯи барқ ҷорӣ шавад. Яъне, аввал пул, сипас барқ, ҳар вақте пул тамом шуд, барқ ҳам нест. ​ (видео)

- Баҳси хонаву хонасозӣ дар Душанбе кай тамом мешавад? (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG