Ссылки доступа

Дар се соли оянда Тоҷикистон аз Бонки Осиёии Рушд 462 миллион доллар мегирад


Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон 462 миллион доллар медиҳад. Ба гуфтаи Вазорати молияи Тоҷикистон ин маблағ дар давоми се соли оянда дастрас хоҳад шуд.

Чунин тасмим дар пайи мулоқоти вазири молия бо намояндаи Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон гирифта шудааст. Тибқи нақша ин маблағҳо барои татбиқи лоиҳаҳо дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт, энергетика, нақлиёт,маорифу илм,тандурустӣ,амнияти озуқаворӣ,ҳифзи муҳити зист ва идоракунии давлатӣ то соли 2024 равона карда мешавад.

Ҳафтае қабл, Бонки Осиёи Рушд, барои харидории ваксинаи зидди COVID-19 ба Тоҷикистон 25 миллион доллар кӯмак ҷудо кард. Дар изҳороти Бонки Осиёи Рушд гуфта мешавад, ки дар доираи ин маблағ харидории 3 миллион воя ваксина ва сузандору дар назар аст ки барои эмгузаронии 1 миллиону 300 ҳазор нафар ва ё 14 дарсади аҳоли кофӣ хоҳад буд. Гуфта мешавад Тоҷикистон ният дорад беш аз 62 фойзи аҳолии аз 18 сола болоро эм кунад.

Ин бонк чанд сол инҷониб барои сохтмони роҳу таҷдиди соҳаи энергетикаи Тоҷикистон кумакҳои бебозгашт ҷудо мекунад, аммо дар иваз шартҳое мегузорад, ки кишвар бояд онро қабул ва иҷро кунад. Аз ҷумла моҳи марти соли равон Тоҷикистон аз ин созмон 105 миллион доллар барои таҷдиди шабакаҳои барқ дарёфт кард, аммо уҳдадор шуд нархи нерӯи барқро тадриҷан боло бубарад.

Бонки Осиёии Рушд яке аз бузургтарин кӯмакрасони молиявии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки шурӯъ аз соли 1998 ба кишвар ҳудуди 2,2 миллиард доллар ҷудо кардааст. Аз ин миён аз 1,6 миллиард доллар ёрии бебозгашт мебошад.

XS
SM
MD
LG