Ссылки доступа

Путин рушди барномаи давлатии коштани микрочипҳоро дар майнаи инсон қабул кард


Ҳукумати Русия тасмим дорад, барои рушди барномаи коштани микрочип дар мағзи сари инсон 54 миллиард рубл ҷудо кунад.

Тарҳи барномаи федеролии "Мағзи сар, сиҳатӣ, хирад, навоварӣ" дар вазорати маориф ва илми Русия таҳия мешавад.

Ин барномаро Владимир Путин, президенти Русия тасдиқ кард. Эҳтимол дорад, барномаи мазкур ба духтари президент рабт дошта бошад.

Бо такмил додани ин барнома муаллифон ният доранд, техникаҳоро тавассути паёмҳои электрикии мағзи сар идора кунанд.

Аз вазорати маориф ва илми Русия ба расонаҳо хабар доданд, ки тарҳи мазкур дар ибтидои коркард қарор дорад.

Пештар аз ин расонаҳои Русия навишта буданд, ки тарҳҳои марбут ба ақли маснуъӣ мумкин аст, аз сӯи духтари Владимир Путин Катерина Тихонова идора шаванд. Моҳи декабри соли 2018 Тихонова дар барномаи телевизиони давлатӣ фаъолияти маркази нейрониро дар донишкадаи рушди "Иннопрактика" муаррифӣ кард.

Коркарди абзорҳои нейроинтерфейс - самти ояндадори илми ҷаҳонӣ аст. Моҳи апрели соли ҷорӣ Илон Маск, соҳибкори амрикоӣ аз иқдомҳо дар ин самт хабар дода буд.

XS
SM
MD
LG