Ссылки доступа

Ҳокими Оқтеппаи Қазоқистон гуфт, нафткашҳои вилоят маоши камтар мегирад


Ондасин Уразалин, ҳокими вилояти Оқтеппаи Қазоқистон тасдиқ кард, ки ҳаҷми маоши коргарони соҳаи нафти вилоят нисбати ба вилоятҳои ҳамсояи Оқтеппа камтар аст.

"Дар бештари ҳолатҳо сабаби корпартоии нафткашҳо - кам будани ҳаҷми моҳона аст. Маоши миёнаи сокинони Оқтеппа нисбати маоши миёна дар вилоятҳои ҳамсоя камтар аст", - гуфт ҳоким.

Охири моҳи январи соли ҷорӣ коргарони ширкати нафткаши "КМК Мунай" як ҳафта корпартоӣ карданд. Коргарон афзоиши маошро талаб доштанд. Корфармо ваъдаи иҷрои талаби коргарон дод.

Ба ин тартиб, дар чанд ширкати дигари нафткаш дар вилояти Оқтеппа дар зимистону баҳори соли ҷорӣ коргарон бо талаби маоши бештар корпартоӣ карданд.

XS
SM
MD
LG