Ссылки доступа

Пойтахти Туркманистон гаронтарин шаҳр барои коргарони хориҷӣ унвон шуд


Дар рейтинг ё баҳогузории ширкати Mercer-и амрикоӣ шаҳри Ишқободи Туркманистон гаронтарин шаҳр барои коргарони хориҷӣ унвон шудааст.

Ширкати Mercer бо ҳадафи муайян кардани он ки ҳукуматҳо ва созмонҳову ширкатҳо барои коргарони хориҷиашон чи қадар маош пардохт кунанд, дахлу харҷи шаҳрҳоро тартиб медиҳад.

Соли гузашта Ишқобод дар ин рӯйхат дар мақоми дувум қарор дошт. Ширкат мегӯяд, афзоиши харҷ дар Ишқобод ба буҳрони давомдоре вобаста аст, ки боиси камбуди ғизо ва беқурбшавии бесобиқаи асъор шудааст.

Ширкати Mercer 209 шаҳрро баҳо медиҳад. Ширкат кирояи манзил, роҳкирои нақлиёт, қимати маҳсулоти ғизоӣ, инчунин номгӯи бештар аз 200 маҳсулоти хизматрасонии дигарро тартиб медиҳад.

Ба панҷгонаи аввали шаҳрҳои пурхарҷ Ҳонконг, Бейрут, Токия ва Сюрих шомил шудаанд. Бейрут дар як соли охир аз мақоми 45 ба мақоми 3 баромадааст. Ширкати Mercer ин ҷаҳишро ба афзоиши буҳрони иқтисодӣ дар Лубнон рабт медиҳад.

XS
SM
MD
LG