Ссылки доступа

Дар Узбекистон баъди баландшавии маоши додрасҳо фасодкорӣ дар низоми додгоҳӣ кам шудааст


Муовини раиси Шӯрои олии додгоҳии Узбекистон 22 июн дар як нишаст дар шаҳри Тошканд гуфт, баъди баланд бардоштани маоши додрасҳо ҳолатҳои фасодкорӣ дар низоми додгоҳии он кишвар коҳиш ёфтааст.

Тавре расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба Ҷалилов хабар доданд, маоши додрасҳои Узбекистон аз имсол зиёд шудааст, вале ҳаҷми моҳонаи онҳо ба далели махфӣ будан дақиқ гуфта намешавад.

"Дар баъзе ҳолатҳо ҳаҷми маошро намегӯянд. Зеро он сирри хидматӣ ё давлатӣ аст. Ҳаҷми маоши додрасҳо бо назардошти маҳалли иқоматашон муайян мешавад. Додрас метавонад аз 17-18 миллион сӯм, вобаста ба ҳаҷми кораш маош гирад. Маоши додрасҳо боло бурда шуд ва сатҳи ҳимояти иҷтимоии мо ҳам боло меравад", - афзудааст ӯ.

XS
SM
MD
LG