Ссылки доступа

Бузургтарин нашрияи мухолифи Ҳонгконг фаъолияташро қатъ кард


Печатная продукция Apple Daily

Бузургтарин нашрияи мухолифи Ҳонгконг "Пинго жибао" (Apple Daily) эълом кард, ки фаъолияти худро қатъ мекунад.

Дар ин бора Би-би-сӣ рӯзи чоршанбе хабар дод. Тасмими қатъи фаъолияти нашрия дар пайи фишорҳо аз сӯи мақомоти Ҳонгконг гирифта шудааст. Коргоҳи "Пинго жибао" ҳафтаи гузашта бо гумони нақзи қонуни баҳсбарангези амнияти миллӣ кофтукоб шуда буд.

Пулиси Ҳонгконг сармуҳаррир ва панҷ мудири нашрияро боздошт карда, дороиҳои он ҳабс шуданд.

"Пинго жибао" яке аз ашадитарин интиқодгарони ҳукумати Чин ва намояндагони он дар Ҳонгконг буд.

Вазири умури хориҷии Бритониё Доминик Рааб басташавии нашрияро "зарбаи харобиовар ба озодии баён дар Ҳонгконг" номид.

Пештар муассиси "Пинго жибао", миллиардери 73-сола Ҷиммӣ Лай бо айбҳои гуногун аз озодӣ маҳрум гашт.

XS
SM
MD
LG