Ссылки доступа

Додгоҳи ИМА нахустин ҳукм дар доираи парвандаи ҳамла ба Капитолияро содир кард


Участники штурма Капитолия, 6 января 2021 года
Участники штурма Капитолия, 6 января 2021 года

Додгоҳе дар ИМА дар доираи парвандаи ҳамла ба Капитолия сокини иёлати Индиана Анна Морган Ллойдро се сол шартан аз озодӣ маҳрум ва ба иҷрои 120 соат корҳои ҳатмӣ муваззаф кард. Ӯ ҳамчунин бояд 500 доллар ҷарима супорад.

Гумонбар айбро ба гардан гирифта, бо муфаттишон ҳамкорӣ мекард. Ӯ дар толори додгоҳ аз амрикоиҳо барои иштирокаш дар эътирозҳо ба ҷонибдорӣ аз президенти пешини ИМА Доналд Трамп ва ҳамла ба бинои Конгресси он кишвар узр пурсид.

Додгоҳ занро барои он зиндонӣ накард, ки ӯ пешакӣ қасди иштирок дар бетартибиҳо ва хушунатро надоштааст.

Рӯзи 6-уми январ ҷонибдорони Трамп аз аёлатҳои мухлатиф ба Вашингтон омада, дар назди бинои Капитол гирдиҳамоӣ карданд ва бо зӯр вориди бинои Капитол шуданд. Онҳо бетартибиҳоро замоне роҳандозӣ карданд, ки конгрессменҳо барои тасдиқи натиҷаҳои интихоботи ИМА маҷлис доштанд.

Дар доираи парвандаи ҳамла ба Капитолия наздики 500 нафар ба ҳайси гумонбар иштирок доранд.

XS
SM
MD
LG