Ссылки доступа

Қирғизистон дар озмоиши ваксинаи туркӣ иштирок мекунад


Марҳалаи севуми озмоиши ваксинаи туркии "Turcovac" зидди коронавируси нав дар Қирғизистон ҳам гузаронида мешавад. Дар ин бора вазири тандурустии Туркия Фахриддин Кожа 23 июн дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

"Дар марҳалаи севуми озмоиш 40 ҳазору 800 ихтиёрӣ иштирок мекунад. Озмоишҳо дар Маҷористон, Озарбойҷон ва Қирғизистон гузаронида хоҳанд шуд. Ҳоло мо талош дорем, ки ба рӯйхати маҳалли озмоиши ваксинаи туркӣ кишварҳои дигарро низ шомил созем", - афзуд ӯ.

Вазири тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Қирғизистон Гулбара Ишенаписова гуфт, ки феълан дар ин бора хабар надорад.

Туркия 22 июн марҳалаи севуми озмоиши ваксинаи "Turcovac"-ро оғоз кард. Ин кишвар дар ҳоли ҳозир аз ваксинаҳои "Pfizer/Biontech" ва "Sinovac" истифода мекунад.

Дар Қирғизистон эмкунии сокинон зидди коронавирус 29 марти соли равон оғоз шуд. Қирғизистониҳо бо ваксинаи чинии "SinoPharm" ва ваксинаи русии "Sputnik V" зидди коронавирус эм мешаванд. Дар саросари ин кишвар бояд 2,6 млн кас зидди коронавируси нав эм шавад. То ҳол 100 ҳазор кас эм шудааст.

XS
SM
MD
LG