Ссылки доступа

Қирғизистон содироти баъзе аз маҳсулоти кишоварзиро манъ мекунад


Қирғизистон содироти баъзе аз маҳсулоти кишоварзиро ба ҷуз аз кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё манъ мекунад.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии ҳукумати Қирғизистон, сухан дар бораи манъи содироти гандум, орд, шакар, биринҷ, равғани растанӣ ва тухми мурғ меравад. Ҳамчунин ба далели боло рафтани нархҳо дар бозори дохилии Қирғизистон содироти хуроки чорво низ манъ мешавад.

"Агар Вазорати кишоварзии Қирғизистон чораҳои саривақтӣ меандешид, имрӯз мо дар таъмини амнияти ғизоӣ бо мушкил рӯбарӯ намешудем. Бинобар ин, ҳоло зарурати андешидани як қатор чораҳо пеш омадааст", - иттилоъ додааст манбаъ.

Раиси ҳукумати Қирғизистон Улукбек Марипов дар ҷаласа ҳамчунин хабар додааст, ки шакар, равғани растанӣ ва гӯшти воридотиро аз андоз аз арзиши иловашуда озод мекунанд. "Медонем, ки буҷаи давлат ҳудуди 200 миллион сомро аз даст медиҳад. Вале мо бояд сокинонро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем", - изҳор доштааст вай.

XS
SM
MD
LG