Ссылки доступа

Сокинони Арис дар Қазоқистон 2 сол аст, наметавонанд ҷуброн дарёфт кунанд


Даҳҳо тан аз сокинони шаҳри Ариси Қазоқистон, ки дар натиҷаи таркиши анбори аслиҳа дар соли 2019 манзилҳояшон зиён дид, пушти дари бинои ҳукумат ҷамъ шуда, талаб доранд, ки хонаҳояшон таъмир ва ба онҳо ҷубронпулӣ дода шавад.

Валентина Шмити 66-сола ду соли охир чанд маротиба ба ҳукумати шаҳр муроҷиат ва дархости таъмири хонаашро кард. Ин зан мегӯяд, ҳамроҳи фарзанди маъюбаш дар манзили нимавайрона зимистонро пушти сар кардааст.

Соҳибкор Муҳаммадҷон Сафархонов гуфт, вай низ наметавонад, барои тарабхонаи зиёндидааш ҷубронпулӣ дарёфт кунад.

Бештар аз 180 сокини Арис мегӯянд, баъди таркиш манзилҳояшон ғайри қобили истиқомат ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати шаҳр гуфт, бештар аз 8 ҳазор манзил таъмир ва 500 манзили нав сохта шудааст. Ба 464 соҳибкор ҷубронпулӣ пардохт шудааст.

Рӯзи 24 июни соли 2019 дар анбори аслиҳае дар як қисми низомӣ дар шаҳри Арис таркиш рух дод. Он замон 4 кас, аз ҷумла як кӯдак фавтид.

Дар натиҷаи таркиш 7527 манзил пурра ё қисман ва 103 бинои бисёрошёна зиён диданд.

XS
SM
MD
LG