Ссылки доступа

Дар шаҳри Алмато фаъолон бо талаби озодии Кунболатулӣ пушти дари пулис шабро рӯз карданд


Дар шаҳри Алматои Қазоқистон гуруҳе аз тарафдорони фаъоли ҷамъятӣ Байболат Кунболатулӣ пушти дари идораи пулиси ноҳияи Медеу шабро рӯз карданд.

Онҳо аз пулис талаб доранд, ки Кунботалӣ аз ҳабси маъмурии 15-рӯза озод карда шавад. Мақомоти Қазоқистон ин фаъоли ҷамъиятиро дар "ташкили гирдиҳамоии ғайриқонунӣ" айбдор кардаанд.

Ҳаводорони Кунботалӣ гуфтанд, то замони раҳоии ӯ пушти дари идораи пулисро тарк нахоҳанд кард.

Бекзот Максутханулӣ, яке аз тарафдорони фаъоли ҷамъиятӣ гуфт, мунтазири бозбинии ҳукми Байболат аст. Ба гуфтааш, давоми рӯзи 25 июн бояд ҳукми ҳабси маъмурии Байболат бозбинӣ шавад.

Дар идораи пулиси ноҳияи Медеу гуфтанд, талаби ҳаводорони фаъоли ҷамъиятӣ беасос аст.

Байболат Кунболатулӣ, фаъоли мадании шаҳри Алмато аст, ки раҳоии бародарашро аз Шинҷони Чин талаб дорад. Бародари вай чанд соли охир дар Шинҷон дар ҳабс аст. Рӯзи 22 июн додгоҳе дар шаҳри Алмато Кунболатулиро бо айби ташкил гирдиҳамоии ғайриқонунӣ пушти дар консулгарии Чин дар Алмато 15 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифт.

XS
SM
MD
LG