Ссылки доступа

Дармондани мошинҳои Қирғизистон дар марзи Тоҷикистон бо Узбекистон


Сафорати Қирғизистон дар Душанбе мегӯяд, мушкили ронандагони қирғизи мошинҳои боркаш, ки аз 21 июн дар марзи Тоҷикистон бо Узбекистон дармондаанд, зери назорати махсус қарор дорад.

Ба огаҳии сафорати Қирғизистон, дар ҳоли ҳозир дар марзи Тоҷикистон бо Узбекистон ҳудуди 10 мошин ҷамъ шудааст.

"Бо ҳукумати Тоҷикистон рӯзҳои 23-24 июн барои иҷозати бурунрафт додан ба мошинҳои боркаш гуфтугӯҳо анҷом дода шуд ва ҳоло низ идома доранд", - омадааст дар иттилоияи сафорат.

Пештар хабар дода шуд, ки як ронандаи мошини боркаш аз Қирғизистон бо номи Виталий Шултс дар гузаргоҳи марзии "Фотеҳобод"-и Тоҷикистон бо Узбекистон дармондааст. Ӯ дар суҳбат бо расонаҳо хабар дода, ки дар баробари ӯ чандин ронандаи дигар низ наметавонанд Тоҷикистонро тарк кунанд, вале намехоҳанд қазия расонаӣ шавад.

Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки мошини Виталий Шултс ба далели надоштани ҳуҷҷатҳои зарурӣ боз дошта шудааст.

Қирғизистон аз моҳи майи имсол марзҳояшро муваққатан бо Тоҷикистон баст. Вале Тоҷикистон ба равуои байналмилалии ронандагони Қирғизистон ҳеч гуна маҳдудияте ҷорӣ накардааст.

XS
SM
MD
LG